Тоҷикистон аз тартиби мониторинги қатъии назорати шустани пул берун шуд

Аз 16 то 20 июни соли 2014 дар дар шаҳри Москва ҷаласаи 20-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар соли 2008 Тоҷикистон баъди баҳогузории Бонки Ҷаҳонӣ бинобар мутобиқ набудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гурӯҳи […]

ASIA-Plus



Аз 16 то 20 июни соли 2014 дар дар шаҳри Москва ҷаласаи 20-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар соли 2008 Тоҷикистон баъди баҳогузории Бонки Ҷаҳонӣ бинобар мутобиқ набудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) ва мавҷуд набудани мақоми махсуси ваколатдор дар ин самт таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ”-и Гурӯҳи Евросиё қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, барои баромадан аз ин реҷаи махсус тибқи тартиби кории Гурӯҳи мазкур ҷумҳурӣ соле ду маротиба дар ҳар як ҷаласаи Гурӯҳи Евросиё ҳисоботи муфассалро доир ба корҳои иҷрошуда пешниҳод менамуд ва ин ҳисобот аз ҷониби котиботи ин Гурӯҳ баррасӣ ва баҳогузорӣ мегардид.

Гуфта мешавад, ҳисоботи муфассали сесолаи ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатӣ аз ҷониби коршиносон – баҳогузорон муҳокима гардид. Тибқи хулоса ҳисоботи ҷумҳурӣ бинобар мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ ва амалан мавриди истифода қарор гирифтани онҳо қобили қабул шуморида шуда, мусбат арзёбӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи корҳои басомонрасонида шуда, мутобиқи изҳороти умумии ҷаласаи Пленарии 20-уми Гурӯҳи Евросиё Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ” бароварда шуда, ба реҷаи “мониторинги муқаррарӣ” дохил карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.