Ҳанӯз 17 сол қабл ҳукумат бо мухолифин ба созиш омада, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва Созишнома дар бораи истиқрои сулҳ ва ризояити миллиро ба имзо расонид. Имрӯз бошад, ба рақибони пешин тухму помидор партофтаву дафтарҳои кориашонро бозпас мегиранд ва ё хароб мекунанд. Ба иштибоҳ кай роҳ дода шуд – вақте ки ҳукумат бо мухолифин ба созиш омад ё имрӯз, замоне, ки ба андешаи мухолифин, ҳукумат сиёсати нодурустро роҳандозӣ намудааст?
Усмон Солеҳ,
мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мутмаин аст, ки дар ҳеҷ ҷое ба иштибоҳ роҳ дода нашудааст. «На замони имзои созишномаву на имрӯз дар сиёсати давлат ба ҳеҷ гуна хатогӣ роҳ дода нашудааст», – иброз дошт вай.
Аз ин рӯ, мутмаин аст ӯ, ин идро мебояд ҷашн гирифт, зеро ин сана ба мардуми тоҷик таърихашонро хотиррасон намуда, ояндаи онҳоро бозгӯ аст.
«Бархе дар чунин фикранд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ танҳо барои як ҷониб пешбинӣ шудааст, вале ин санаи таърихӣ ба ҳеҷ ваҷҳ якҷониба буда наметавонад. Масалан, хамеша ҳангоми таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҳизб мо намояндагони ҷониби дигарро низ даъват мекунем ва ман мушоҳида мекунам, ки ҳукумат низ ба муносибати ин ҷашн вохӯрӣ ва чорабиниҳо гузаронида, ҳама ҷонибҳоро даъват менамояд», – қайд кард ӯ.
Усмон Солеҳ ҳамчунин бар ин назар аст, ки андешаи маҳз дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ зиёд шудани фишор болои аҳзоби мухолиф комилан нодуруст аст. «Ба андешаи ман, ба онҳо ҳеҷ фишоре оварда нашудааст. Ҳеҷ гоҳ бе шамол шохи дарахт намеҷунбад. Баста шудани дафтарҳои корӣ ё боздошти муллоҳое, ки даст ба ҷиноят задаанд, фишор шуморида намешавад. Дар хотир бояд дошт, ки агар қонуншиканӣ ҷой дошта бошад, нисбати онҳо маъмулан чораҳо андешида мешаванд. Гузашта аз ин, мақомот нахуст ин ҳодисаҳоро дақиқан омӯхта, сипас маълумотро ифшо месозанд. Ин ҳамааш бесабаб нест», – мутмаин аст Усмон Солеҳ.
Ба қавли ӯ, дар таҷрибаи фаъолияти ҲХДТ ҳеҷ гоҳ ҳолате ҷой надошт, ки ба сӯи раҳбари ҳизб ё аъзои он помидору тухм ё сангпартоӣ кунанд. «Миёни мардум ҳизби мо ҷонибдорони зиёде дорад ва мо ҳамеша баҳри ҳифзи манфиат ва некӯаҳволии мардум кор мекунем. Мо ҳеҷ гоҳ муқобили мардум кор намекунем», – афзуд Усмон Солеҳ.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ
бар ин бовар аст, ки созишро набояд иштибоҳ гуфт, вале чизе, ки имрӯз мегузарад, метавон иштибоҳи бузург номид. «Бале, мо бояд бо ифтихор аз сулҳу созиш ҳарф гуфта, Рӯзи ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон ҷашн гирем. Вале аксар имрӯз бо мушоҳидаи чӣ гуна сурат гирифтани воқеъаҳо бо сулҳу созиш ва ваъдаҳо, ба худ савол медиҳанд, ки имрӯз ин санаро ҷашн гирифтан меарзад? Метавон дар бораи иштибоҳу эътимоди барзиёдатӣ ва ғайраву ҳоказо сухан ронд, вале наметавон гуфт, ки сулҳу созиш иштибоҳ буд. Дирӯз ҳама самимӣ буданд, ба ҳар ҳол ҳамин тавр ба назар менамуд. Вақти имзои созишномаву уҳдадор шудан ба ҳамроҳ бунёд кардани ин хона, эҳтиром гузоштан ва эътирофи андешаи тарафайн ва баробарии ҳама назди қонун, магар мо ба иштибоҳ роҳ додем? Тавофуқ ҳосил кардан бо давлат дар бораи муносибати ягона бо ҳама аҳзоб, имкони баробар ба онҳо ва ҳифзи онҳо аз ҷониби қонун ва давлат чӣ бадие дорад? Мо навиштем, ки бигзор мардум тариқи интихоботи озод, рақобати баробар ва мунсифона мавқеъи ҳар кадомеро муайн кунад ва касе, ки бо истифода аз ВАО ва дигар имконот якдигарро барои гузашта айбдор мекунад, ба лаънати Худо ва мардум гирифтор шавад», – иброз дошт Кабирӣ.
Ба андешаи ӯ, рӯҳияи имрӯзаи одамон натиҷаи сиёсати нодуруст пас аз сулҳу созиш буда, бо рӯҳияву илҳоме, ки миллат пас аз имзои созишнома ба даст овард, ҳеҷ умумияте надорад. «Ин рӯҳбаландии мардум зери пой шуд, вале он пурра маҳв нагрдид. Ин рӯҳбаландиро мебояд нигоҳ дошт, ҳифз кард ва ба мардум баргардонид, вагарна ин сулҳу созиш набуда, балки пирӯзии муваққатии паймоншиканӣ бар виҷдону сухан аст», – афзуд раиси ҲНИТ.
Ҳуқуқшинос
Ойниҳол Бобоназарова
чунин мешуморад, ки худи далели имзои Созишнома дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳеҷ иштибоҳе надорад, танҳо дар механизми риояи талаботҳои он хатогиҳо ҷой доранд.
«Ёд дорам, намояндагони мухолифин мегуфтанд, ки на ҳама бандҳои созишнома минбаъд иҷро шуданд ва онҳо метавнистанд, ки иҷрои онҳоро талаб кунанд, вале ба хотири сулҳу оромӣ дар кишвар ба гузаштҳо розӣ шудаанд», – қайд кард ӯ.
Номбурда таъкид дошт, ки имзои созишнома осон, вале риояи талаботи он хеле мушкилтар аст. «Аз ин рӯ, он замон дар созишнома мебоист банд дар бораи кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии кафил илова мешуд, ки дар вақти имзои созишнома ҳузур доштанд. Дар санад бояд зикр мегардид, ки дар ҳолати аз ҷониби тарафҳо иҷро нашудани уҳдадориҳо тибқи созишнома, кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии кафил ҳамроҳ бо тарафҳо бояд ба баррасии муҳим будани риояи талаботи санад бармегаштанд. Онҳо мебоист то охир кафил мешуданд», – зикр кард Бобоназарова.
Ёдрас мекунем, ки «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» 27-уми июни соли 2013 дар шаҳри Маскав пас аз гуфтушунидҳои тӯлонии тарафҳои даргир – ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ба имзо расид. Зери санад ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои нозир дар гуфтушуниди миёни тоҷикон – Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Русия ва ҳамчунин намояндагони СММ, САҲА ва Созмони конфронси исломӣ имзо гузоштанд.



