Шаҳрдории Душанбе коҳиши нархҳо ба маҳсулоти ғизойиро рӯи даст гирифт

Дар машварати корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи роҳ надодан ба болоравии сунъии нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи Рамазон баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар машварат роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкорону тоҷирони ба истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт машғулбуда, […]

ASIA-Plus



Дар машварати корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи роҳ надодан ба болоравии сунъии нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи Рамазон баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар машварат роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкорону тоҷирони ба истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт машғулбуда, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеаи шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳр ҳузур доштанд.

Ба иттилои мнабаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа аз таври стихиявӣ маҳз дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳамасола болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия  изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ бо такя ба имону инсофи соҳибкорон ҷиҳати танзиму тавсияи нарх дар бозори истеъмолӣ дар ин моҳи муборак ҳеҷ қарору санаде қабл нашуд.

«Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст, ки ин ҳолат роҳбарияти шаҳрро ба ҳеҷ ваҷҳ бетараф гузошта наметавонад», – гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр аз соҳибкорон даъват ба миён овард, ки нисбати 20 анвои маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили  гӯшт, орд, нон, равғани растанӣ, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза  дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ то 10% нархҳо ибтикоран коҳиш дода шаванд. Дастур дода шуд, кидар моҳи шарифи Рамазон гӯшти хушсифати говро бо нархи то 36 сомонӣ нигоҳ дошта, фурӯши равғани чарбу аз ҷониби қассобон комилан манъ карда шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба масъалаи беасос боло бурдани нархҳо дар бозорҳои пойтахт, сокинони шаҳр ва меҳмонон метавонанд ба мақомоти шаҳрдории пойтахт муроҷиат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.