Восеъ: Гумонбарии ду ноболиғ дар дуздии амволи корхонаи маҳаллӣ



Кормандони милисаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ду нафар сокини ноболиғи ноҳияро дар дуздии амволи корхонаи маҳаллӣ гумонбар медонанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ду ноболиғ пинҳонӣ ба қаламрави корхонаи «Ресандагӣ»-и мутааллиқ ба ҶСП «Авесто» ворид шуда, аз онҷо 1-адад яхдон, 1-адад чангкашак, 1-адад компютер бо принтер, 1-адад базаи телевизор, 1-адад мизони электронӣ, 250-кило нахи риштаи “НМ/1”, 400-кило нахи пахтаи сафед, 1-адад сумкаи чармин ва 689-дона линчаҳо барои бор кардани пахта, ки арзиши умумиашон беш аз 16 ҳазор сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки 2 нафар ноболиғ, сокинони деҳаи Заркамар ба дуздӣ даст зада, молу маҳсулоти фабрикаи “Ресандагӣ”-ро аз они худ намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное