Gazprom international корҳо дар «Сариқамиш»-ро ахири соли 2014 ба итмом мерасонад

Ширкати Gazprom international дар майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш корҳоро фаъолона роҳандозӣ намуда, озмоишҳои геологии чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро мегузаронад ва комилан имкон дорад, ки ин корҳо охири соли 2014 ба итмом расанд. Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон аз ҳашт иншооти […]



Ширкати Gazprom international дар майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш корҳоро фаъолона роҳандозӣ намуда, озмоишҳои геологии чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро мегузаронад ва комилан имкон дорад, ки ин корҳо охири соли 2014 ба итмом расанд.

Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон аз ҳашт иншооти мавҷуда корҳои омӯзишӣ дар иншооти шашум ҷараён доранд.

«Мо умедворем, ки тибқи натиҷаи корҳои геофизикӣ ва озмоишҳои иншоот мо дар бораи натиҷаҳои мусбати чоҳ маълумот хоҳем дод ва яқинан худи ширкат низ муаррифии ин корҳоро доир менамояд», – зикр кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» дар майдон ояндадори нафту гази Сариқамиш баҳори соли 2013 ба охир расид. Чуқурии лоиҳавии чоҳ 6300 метрро ташкил медиҳад, вале дар ҷараёни корҳо чуқурии он то 6 ҳазору 130 метр расонида шуд.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.