Ҳаҷми сармояи оинномавии «НБО Роғун» муқаррар шуд

Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК) «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» дар ҳаҷми 12 млрд. сомонӣ муқаррар карда шуд. Тавре аз ҶСК «НБО Роғун» иттилоъ доданд, дар маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун», ки рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар ин бора қарор қабул шудааст. Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои […]

Заррина Эргашева



Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК) «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» дар ҳаҷми 12 млрд. сомонӣ муқаррар карда шуд.

Тавре аз ҶСК «НБО Роғун» иттилоъ доданд, дар маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун», ки рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар ин бора қарор қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои қаблӣ, моҳи январи соли 2014 ҳаҷми сармояи оиннномавии ҶСК «НБО Роғун» 6 млрд. сомонӣ (1,2 млрд. $)-ро ташкил дода буд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳамчунин қарор шудааст, ки аудити молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар давраи солҳои 2013-2014-ро ширкати «Делойт и Туш» ба маблаги 320 ҳазор сомонӣ (беш аз 54 ҳазор $) анҷом медиҳад.

Ҳамчунин масъалаи интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ шуда, ҳайати Шӯрои нозирон тағйир нафётааст. Қоҳир Расулзода, Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович, Азим Иброҳим, Қурбонов Абдусалом Каримович, Шариф Раҳимзода, Менглиев Рустам Шомуродович, Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич, Қодири Қосим, Комилов Абдувалӣ Ҳакимович, Сафаров Хайрулло Амиралиевич, Ахмедов Ҷамшед Ҷалолович, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ва Неъматов Муқим Мамадҷонович аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» интихоб шуданд.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири пеш аз ин маҷлиси саҳҳомони он 15-уми июни соли гузашта баргузор гардида буд. Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.