Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба садамаи фоҷеъабор дар метрои шаҳри Маскав ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «аз хабари фоҷеъа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисёр ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам».
«Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки тасаллияти самими моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед», – гуфта мешавад дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав дар маҷмӯъ 22 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон – Бӯрӣ Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов (ҳарду 22-сола) ба ҳалокат расиданд. Шумори умумии ҳалокшудагон ва осебдидагон аз ин садама 162 нафар уновн мешавад. Айн замон 129 нафар осебидагон дар бемористону дармонгоҳҳо бистарианд.



