Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба садамаи фоҷеъабор дар метрои шаҳри Маскав ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «аз хабари фоҷеъа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисёр ба […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба садамаи фоҷеъабор дар метрои шаҳри Маскав ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «аз хабари фоҷеъа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисёр ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам».

«Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки тасаллияти самими моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед», – гуфта мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав дар маҷмӯъ 22 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон – Бӯрӣ Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов (ҳарду 22-сола) ба ҳалокат расиданд. Шумори умумии ҳалокшудагон ва осебдидагон аз ин садама 162 нафар уновн мешавад. Айн замон 129 нафар осебидагон дар бемористону дармонгоҳҳо бистарианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.