Вусъат ёфтани корҳои сохтмони кампуси ДОМ дар Хоруғ

Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) Шамшг Кассим-Лакҳа зимни сафар ба шаҳри Хоруғ изҳор намуд, ки Cарвари Донишгоҳ, Аълоҳазрат Оғохон  мудирияти ДОМ-ро вазифадор намуданд, ки ба суръати корҳои сохтмони кампуси Хоруғ вусъат бахшида шавад. «Аз оғози моҳи сентябр ДОМ бунёди сохтмони кампуси асосии академикии худро оғоз кунад. Хоруғ як макони душвор барои сохтмон […]

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) Шамшг Кассим-Лакҳа зимни сафар ба шаҳри Хоруғ изҳор намуд, ки Cарвари Донишгоҳ, Аълоҳазрат Оғохон  мудирияти ДОМ-ро вазифадор намуданд, ки ба суръати корҳои сохтмони кампуси Хоруғ вусъат бахшида шавад.

«Аз оғози моҳи сентябр ДОМ бунёди сохтмони кампуси асосии академикии худро оғоз кунад. Хоруғ як макони душвор барои сохтмон аст, вале мо мутмаин ҳастем, ки ин Донишгоҳ ба таври комил кампуси худро барои донишомӯзон дар моҳи сентябри 2018 боз мекунад», – қайд кардааст ӯ.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ хабар доданд, ҳайати ин кумита аз макони кампуси ДОМ дар шаҳри Хоруғ, ки дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва макон барои сохтмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидааст, боздид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи иҷроияи ДОМ раҳбарии умумӣ ба рушди донишгоҳи мазкур дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонро, ки ҳукуматҳои ин кишварҳо бар асоси Шартномаи байнулмилалии баимзорасида бо Аълоҳазрат Оғохон таъсис додаанд, амалӣ менамояд.

«Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ин як Донишгоҳ дар се кишвар бо пешниҳод намудани  меъёрҳои байналмилалии маълумоти олӣ мебошад. Зарур нест, ки донишҷӯёни Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2018 барои дохил шудан ба ДОМ мунтазир шаванд. Кампуси Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон метавонад  аз моҳи сентябри соли 2016 донишҷӯёнро аз минтақаҳо ба омӯзиш фаро гирад. Ҳар як кампуси Донишгоҳ ихтисосҳои хоси худро доранд, ки пас аз ба даст овардани маълумоти ду солаи тайёрӣ ва умумӣ оғоз мегардад. Кампуси Хоруғ ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи баланди бозор дар риштаҳои улуми замин ва муҳити зист, фарҳанг, иртиботот ва расона ва мутолиоти рушдро пешкаш мекунад. Кампуси Нарин  ба риштаҳои иқтисодиёт, улуми компютер ва Мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Кампуси Текили (дар Қазоқистон бояд баъд аз кампуси Хоруғ кушода мешавад) ба риштаҳои улуми муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва мутолиоти ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) равона шудаанд», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?