Ҳалокати ду тоҷикистонӣ дар садамаи метрои Маскав

Бар асари садамаи фоҷебаор дар метрои шаҳри Маскав ду нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд. Шабона аз зери тӯдаҳо дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон ҷасади ҷавон, шаҳрвандони Тоҷикистон – Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович ва Мавлонов Бахтиёр Қурбоновичро, ки ҳарду 25-сола будаанд, дарёфт намуданд. Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи фоҷебаор дар метрои шаҳри Маскав ду нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд. Шабона аз зери тӯдаҳо дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон ҷасади ҷавон, шаҳрвандони Тоҷикистон – Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович ва Мавлонов Бахтиёр Қурбоновичро, ки ҳарду 25-сола будаанд, дарёфт намуданд.

Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади тоҷикони ҳалокшуда дар яке аз мурдахонаҳо (морг)-и шаҳри Маскав нигаҳдорӣ шуда, пас аз анҷоми тартиботи зарурӣ ба ватан фиристода мешавад.

Аз садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл рухдода дар метрои шаҳри Маскав 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд.

Ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи чапаш ҷароҳат бардошта, ба бемористони №31 мунтақил шудааст. Вазъи солимии ӯро табибон қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Вазъи солимии боз як тоҷикистонӣ – Далер Қурбонов, ки дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ аст, низ қаноатбахш мебошад.

Миёни ҷароҳатбардоштагон боз як ҳамватани мо – сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов низ ҳузур доштааст, ки ҳангоми садама ҷароҳати сабук бардошта, шоми рӯзи 15-уми июл аз бемористон рухсатӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав садама рух дода, тибқи маълумоти ахир, бар асари он 21 тан ҳалок ва 160 нафар осеб дидананд, ки вазъи солимии 42 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Маскав ба мносибати ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи мотам эълон мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.