Сабти 15 нафар ноболиғони гирифтори бемории СПИД дар вилояти Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши гирифторӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба қайд гирифта шуда, имсол бори нахуст 15 нафар ноболиғони гирифтор ба ин беморӣ ошкор шудаанд. Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Собир Собиров дар ин робита изҳор намуд, ки нимослдаи аввали соли […]

Мавлуда Рафиева



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши гирифторӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба қайд гирифта шуда, имсол бори нахуст 15 нафар ноболиғони гирифтор ба ин беморӣ ошкор шудаанд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Собир Собиров дар ин робита изҳор намуд, ки нимослдаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 132 нафар мубталоёни нави бемории СПИД ошкор шуда,миёни онҳо  73 нафарашон мардон, 59 нафарашон занон ва 15 тан ноболиғон мебошанд. «Дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 87 нафар гирифторони нави ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Собиров, аз шумори умумии беморони тозасабтшуда 57 нафарашон (43,1%)-ро афроди синни 30-39-сола ташкил медиҳанд. «Аз ин шумор 17 нафар тариқи сӯзандору, 99 нафар ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 12 нафар аз модар ба кӯдак ва боз 4 нафари дигар бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд», – қайд кард номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар минтақаи шимоли кишвар аз замони бори нахуст ошкор шудани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001, то 1-уми июли соли ҷорӣ 1 ҳазору 194 шахсони мубтало ба ВНМО/БПНМ ба қайд гирифта шуда, давоми ин солҳо аз ин беморӣ 287 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.