Рӯзи 16 июли соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар кори Панҷумин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ширкат варзид.
Бино ба маъулмоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама роҷеъ ба таҳкими нақши Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония ва рушди минбаъдаи он, амният ва рушди пойдори минтақа ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ табодули назар карданд.
Гуфта мешавад, дар интиҳои ҷаласаи мазкур Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама ва Харитаи роҳ барои ҳамкории амалӣ дар соҳаи кишоварзӣ қабул гардиданд.



