Ҳудуди 12 млрд. $-и Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои Аврупо ва ОМ тайи як соли ахир

Тайи як соли ахири молиявӣ, ки санаи 30-юми июни соли 2014 ба итмом расид, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ҳудуди 12 млрд. $ маблағ ҷудо кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад. Воситаҳо ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушду некӯаҳволии ҳамагонӣ аз ҳисоби баланд […]



Тайи як соли ахири молиявӣ, ки санаи 30-юми июни соли 2014 ба итмом расид, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ҳудуди 12 млрд. $ маблағ ҷудо кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Воситаҳо ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушду некӯаҳволии ҳамагонӣ аз ҳисоби баланд бардоштани мизони даромади қишри бештар камбизоати аҳолӣ дар кишварҳои минтақа равона шуданд.

Дар ин давра оид ба пешниҳоди хизматгузориҳои машваратӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА 33 созишнома ба имзо расид. Дар созишномаҳо мусоидати техникӣ ба ислоҳот дар бахшҳои таъмини нафақа ва маориф, идоракунӣ ба бахши давлатӣ ва баланд бардоштани имконоти ниҳодӣ, тарҳрезӣ ва идоракунии сармоягузориҳо ба зербино ва ҳамчунин дигар соҳаҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ дар такмили низоми тандурустӣ ба Тоҷикистону Молдова ва Ӯзбекистон кумак расонида, барномаҳои рушди ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Қирғизистону Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Ғайр аз ин, имсол Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ миқёси кумакҳо бо мақсади устувории иқтисод дар Украина ва дастгирии пешниҳоди хизматгузориҳои муҳимтарини давлатӣ ба аҳолиро зиёд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.