Таъсиси гурӯҳи кории Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба форуми байнипарлумонӣ бо Русия

Таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро рӯзномаи иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мешавад, тасдиқ гардид. Ба […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро рӯзномаи иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мешавад, тасдиқ гардид.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯро барррасии 52 қонуни қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи судҳо», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ва ғайра дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин ҷиҳати омодагӣ ба форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия, ки моҳи октябри соли равон дар Русия доир мегардад, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.