Фархор: Ҳалокати духтарчаи 10-сола аз беэҳтиётии бародар

Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Фархор далели куштори духтарчаи 10-соларо таҳқиқ мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аввали ҳафтаи равон ноболиғи 11-сола Ш.Ш.аз дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиашон камони шикории падарашро гирифта, аз беэҳтиётӣ ба тарафи хоҳари 10-солааш гардонида, куланги силоҳро зер намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа хоҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба […]



Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Фархор далели куштори духтарчаи 10-соларо таҳқиқ мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аввали ҳафтаи равон ноболиғи 11-сола Ш.Ш.аз дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиашон камони шикории падарашро гирифта, аз беэҳтиётӣ ба тарафи хоҳари 10-солааш гардонида, куланги силоҳро зер намудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа хоҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, камони шикории тамғаи К-32 ба падари кӯдакон бо иҷозатнома аз тарафи ШВКД-и ноҳияи Фархор барои нигоҳдорӣ иҷозат дода шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.