Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ аз нисф зиёд (баста назоратӣ)-и саҳмияҳои ширкати чинии Kaisun mining Corporation дар ҶДММ «Камароб» ба маблағи ҳудуди 80 млн. сомониро дар музояда ба фурӯш мегузорад.
Музояда санаи 30-юми июл дар Бинои Кумитаи андоз доир мегардад. Дар он ҳамаи хоҳишмандон метавонанд 52%-и саҳмияҳои ҶДММ «Камароб»-ро харидорӣ намоянд.
Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои ширкат қарз аз андоз мебошад, ки аз пардохти он ширкат саркашӣ кардааст. «Kaisun mining Corporation» саҳмиядори асосии корхонаи истихоҷи ангишти «Камароб» мебошад, ки дар кони Назарайлоқ кор мекунад.
«Ин ширкати чинӣ дар биржаи Гонконг дар бораи фурӯши ҳиссаи саҳмияҳо ба ширкати сабтшуда дар минтақаи оффшорӣ қарордод ба имзо расонида, маблағи қарордод 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ин амалиёт ширкат ба буҷети Тоҷикистон маблағи андозро пардохт накард», – шарҳ дод корманди Кумитаи андоз.
Ҳамсуҳбат зикр кард, ки пас аз санҷиш ин рӯйпӯшкунӣ маълум гардида, ошкор шудааст, ки ҳамроҳ бо маблағҳои ҷаримаву фоизҳо, маблағи умумии пардохти андоз 79 млн. 59 ҳазору 966 сомониро ташкил додааст.
«Ширкат бо хулосаи мо розӣ нашуда, даъво пеш овард, вале ҳам дар зинаи аввал ва ҳам дар зинаи кассатсионии баррасии шикоят дар Суди олии иқтисодӣ даъвояш қонеъ нагардид. Ширкат ҳақ будани худро исбот карда натавониста, пардохти қарз аз андозро рад кард. Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳиссаи ширкати чинӣ дар ҶДММ «Камароб» ҳабс шуда, ширкат дар ин бора огоҳ карда шуд. Барои ҳалли ин мушкил мо роҳи дигаре надорем», – гуфтанд дар Кумитаи андоз.
Зимнан зикр гардид, ки 52%-и саҳмияҳои корхонаи истихроҷи ангишт ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. «Феълан Тоҷикистон дорои 48%-и саҳмияҳои ҶДММ «Камароб» буда, дар сурати хоҳиш доштан, метавонад молики 100%-и саҳмияҳои корхона гардад», – афзуд сарчашмаи хабар.



