АНМН: Нобуд сохтани беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй дар ВМКБ



Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ як миқдор ниҳолҳои банги худрӯйро несту нобуд карданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар деҳаи Буни ҷамоати М. Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон дар заминҳои нокорам ба миқдори 3 ҳазору 123 бех ниҳоли худрӯи бангдона ошкор ва нобуд карда шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи экспертиза ниҳолҳо ба гурӯҳи «банги ҳиндӣ» шомил буда, ҳамаи ниҳолҳои ошкоршуда аз тарафи комиссия нобуд карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное