Мақоми 124-уми Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 17-уми июл нашр шуд, бо 232 имтиёз 2 зина боло рафта, дар мақоми 124-ум қарор дорад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ, мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мисли пешин дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Дар ин қора тими […]



Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 17-уми июл нашр шуд, бо 232 имтиёз 2 зина боло рафта, дар мақоми 124-ум қарор дорад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ, мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мисли пешин дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Мунтахаби Эрон дар ҷойи дувум ва тими миллии Ӯзбакистон дар ҷойи севум мебошанд.

Гуфта мешавад, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.