Мусодираи беш аз 20 кило героин дар Хуҷанд

Зимни гузаронидани як чорабинии махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шимоли кишвар, миқдори калони маводи мухаддири сахттаъсири «героин» ошкор гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд ба гумони […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани як чорабинии махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шимоли кишвар, миқдори калони маводи мухаддири сахттаъсири «героин» ошкор гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Умед Сатторови 33-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур 20 килою 799 грамм маводи нашъадори сахттаъсири навъи «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.