Гавҳар Ҷӯраева: Ҷуброни моддӣ барои осебдидагон аз садама кофӣ нест

Роҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева бар ин назар аст, ки ҷубронпулии муқарраршуда барои осебдидагон аз садамаи метро дар Маскав кофӣ нест. Дар ин бораи хабаргузории «Россия для всех» иттилоъ медиҳад. Ҳукуматдорони Маскав ба оилаҳои ҳалокшудагону осебдидагон мутаносибан пардохти 1,5 ва 1 млн. рубл ҷубронпулиро ваъда карданд. Ғайр аз ин, ширкати суғуртавӣ аз […]

ASIA-Plus



Роҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева бар ин назар аст, ки ҷубронпулии муқарраршуда барои осебдидагон аз садамаи метро дар Маскав кофӣ нест. Дар ин бораи хабаргузории


«Россия для всех»


иттилоъ медиҳад.

Ҳукуматдорони Маскав ба оилаҳои ҳалокшудагону осебдидагон мутаносибан пардохти 1,5 ва 1 млн. рубл ҷубронпулиро ваъда карданд. Ғайр аз ин, ширкати суғуртавӣ аз ҷониби метрополитен ба оилаҳои ҳалокшудагон 2 млн. ва вобаста ба ҷароҳати бардошта ба оилаҳои осебдидагон то 1 млн. рубл пардохт мекунад.

«Ҳар кишваре, ки дар он чунин ҳодисаҳои даҳшатнок рух медиҳанд, бояд ҷуброни зиёни маънавиро низ таъмин кунад. Ин дар он ифода меёбад, ки афроди дар садама дастдошта бояд ҳатман муҷозот шаванд ва натанҳо дар шакли маҳкум шудан ба зиндон, балки масъулият доштан дар назди оилаҳои ҳалокшудагон, яъне онҳо бояд масъулияти инфиродии иловагӣ дар шакли ҳам моливу ҳам маънавӣ дошта бошанд», – мегӯяд Гавҳар Ҷӯраева.

Қобили зикр аст, ки бар асари садама дар метрои Маскав субҳи рӯзи 15-уми июл 23 нафар, аз ҷумла  ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида,  боз 5 нафар тоҷикистониён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

«Бубинед, ки ин садама муддати хеле зиёд тафтиш мешавад. Садама дар яке аз қмтиъаҳои нави метро рух дод. Ман ҷонибдори Сталин нестам, бобои ман зимни ҳукуматдории ӯ парронида шуда буд. Вале замони ҳукмронии ӯ кор аз рӯи виҷдону боинсофона иҷро мешуд, зеро ҳама гуна нодидагириву қонуншиканӣ ва хунукназарӣ ба сифати амалҳои душманони арзёбӣ мегардид ва ин нафаронро душман мехонданд. Яъне он замон одамон кӯшиш мекарданд тарзе кор кунанд, ки зиёнашон ба дигарон нарасад», – афзудааст Гавҳар Ҷӯраева.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.