КҲФ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат мегузарад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон аз санаи 22-юми июл ба реҷаи пурзӯри адои хизмат мегузарад. Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тасмими раҳбарияти Кумита ба пешгӯии обуҳавошиносон дар бораи рӯзҳои 22-23-юми июл шадидан гарм шудани ҳарорат марбут […]



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон аз санаи 22-юми июл ба реҷаи пурзӯри адои хизмат мегузарад.

Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин тасмими раҳбарияти Кумита ба пешгӯии обуҳавошиносон дар бораи рӯзҳои 22-23-юми июл шадидан гарм шудани ҳарорат марбут аст.

«Дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи об дар тамоми дарёҳои кишвар ва фаромадани сел дар доманакӯҳҳо бар асари обшавии босуръати пиряхҳо дар назар аст. Аз ин рӯ, шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро ба ҳушёрӣ даъват мекунем», – гуфт Нозимов.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 22-23-юми июл болоравии ҳарорат дар Душанбе то 40-42, вилояти Хатлон – то 33-38, Суғд – то 31-36 ва ВМКБ – то 21-26 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.