Суғд: Муроҷиати 247 нафар ба телефони боварии Раёсати ВКД

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба телефони боварӣ (8 34 22, 6 22 22)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 247 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд. Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюбс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин миқдор муроҷиатҳо 121-тоаш ба масъалаи амали […]



Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба телефони боварӣ (8 34 22, 6 22 22)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 247 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюбс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин миқдор муроҷиатҳо 121-тоаш ба масъалаи амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 30-тоаш ба фаъолияти кормандони Шуъбаи раводид ва бақайдгирӣ, 38-тоаш ба амалҳои кормадони БДА, 51-тоаш ба содир шудани ҷиноятҳо ва 44 –тоаш ба қонушиканиҳои маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандон марбут буданд.

«Ҳамчунин дар 20 муроҷиати телефонӣ шаҳрвандон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миннатдорӣ изҳор намуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Акбар Шарифов, ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон тариқи телефон аз ҷониби шуъбаҳои дахлдор ва кормандони масъул баррасӣ шуда, аз натиҷаҳои он ба муроҷиакунанда хаттӣ хабар дода мешавад.

«Агар соли 2012 ба телефони боварии Раёсат, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекунад, 159 нафар бо шикояту дархостҳо муроҷиат карда бошанд, пас давоми соли 2013 ин шумор аллакай 520 нафарро ташкил дод», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки телефони боварии Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз моҳи майи соли 2012 амал мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.