Шабакаи «Одноклассники» дар Тоҷикистон дастнорас аст?

Ширкатҳои фароҳамсози интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники»-ро маҳдуд карданд. Бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон чанде қабл хабар доданд, ки аз субҳи имрӯз, 19-уми июл ба шабакаи «Одноклаасники» дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети «Сатурн Онлайн», «Вавилон Т», «Мегафон Тоҷикистон», «Телеком Технолоҷи ва «Tcell» мебошанд. Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев […]

Меҳрангез Турсунзода



Ширкатҳои фароҳамсози интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники»-ро маҳдуд карданд.

Бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон чанде қабл хабар доданд, ки аз субҳи имрӯз, 19-уми июл ба шабакаи «Одноклаасники» дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети «Сатурн Онлайн», «Вавилон Т», «Мегафон Тоҷикистон», «Телеком Технолоҷи ва «Tcell» мебошанд.

Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз қатъ шудани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии мазкур дар Тоҷикистон огаҳӣ надорад ва илова намуд, ки имрӯз рӯзи истироҳат буда, ӯ танҳо аввали ҳафта дар ин бора маълумоти мушаххас хоҳад дод.

Замони таҳияи мавод ба хабарнигори «Азия-Плюс» муяссар нагардид, ки бо Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ тамос бигирад.

Ёдрас мекунем, ки 10 рӯз қабл, 9-уми июл дастрасӣ ба видеохостинги Youtube қатъ карда шуда буд, ҳарчанд дар Хадамоти алоқа ин далелро рад карданд. Дастрасӣ ба Youtube санаи 10-уми июн низ аз ҷониби ширкатҳои фароҳамсози интернет маҳдуд гардида, рӯзи 16-уми июн барқарор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.