Интихоби раиси нав дар Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар Кӯлоб



Дар маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш Зулайхо Ҳақназарова аз вазифаи раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзогии Раёсати Кумитаи иҷроия  озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Саъбагул Валиева интихоб шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҷлис муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Кӯлоб  Абдулғаффор Раҳмонзода  ва раиси Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҷлили сазовори 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ, тақвияти фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ, амалияи тарғиботӣ ва алоқамандӣ бо мардум, сатҳу сифати кори ҳизбӣ дар самти дар афзун гардидани сафи ҳизб ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Зулайхо Ҳақназарова директори бозори Кӯлоб таъин шуда, Саъбагул Валиева қаблан ба ҳайси раиси яке аз ҷамоатҳои шаҳр фаъолият дошт.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное