Интихоби раиси нав дар Кумитаи иҷроияи бахши ҲХДТ дар Кӯлоб

Дар маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш Зулайхо Ҳақназарова аз вазифаи раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзогии Раёсати Кумитаи иҷроия  озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Саъбагул Валиева интихоб шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҷлис муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва узви […]



Дар маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш Зулайхо Ҳақназарова аз вазифаи раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзогии Раёсати Кумитаи иҷроия  озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Саъбагул Валиева интихоб шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҷлис муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Кӯлоб  Абдулғаффор Раҳмонзода  ва раиси Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҷлили сазовори 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ, тақвияти фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ, амалияи тарғиботӣ ва алоқамандӣ бо мардум, сатҳу сифати кори ҳизбӣ дар самти дар афзун гардидани сафи ҳизб ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Зулайхо Ҳақназарова директори бозори Кӯлоб таъин шуда, Саъбагул Валиева қаблан ба ҳайси раиси яке аз ҷамоатҳои шаҳр фаъолият дошт.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.