Убайдуллоев оид ба ивази нозирони беш аз 5 сол фаъолиятдошта дар бозорҳо

Аввали ҳафтаи равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидорӣ  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа қабл аз ҳама бо таваҷҷуҳ аз ғановати бозори истеъмолӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, риояи нархҳои воқеӣ дар моҳи […]



Аввали ҳафтаи равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидорӣ  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа қабл аз ҳама бо таваҷҷуҳ аз ғановати бозори истеъмолӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, риояи нархҳои воқеӣ дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби соҳибкорон дар тамоми бозорҳои дар марзи шаҳри Душанбе фаъолияткунанда аз рӯи фаъолияти густурдаи мақомоти марбута ва комиссияҳои ҷамъиятӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Ин навбат низ Маҳмадсаид Убайдуллоев кулли ҳозиринро ба имону инсоф даъват карда, роҳбарияти бозорҳои коммуналӣ ва хусусиро муваззаф сохт, ки барои захираву бо нархҳои дастрас дар иди Рамазон  пешниҳоди 20 намуд  маҳсулоти ниёзи аввалия чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар ин росто баҳри рафъи нуфузёбию таъсиррасонии  ғайриқонунӣ ба болоравии нарх дар бозорҳо ва аз байн бурдани сохторҳои беасоси миёнарав, ки яке аз сарчашмаҳои болоравии нархҳо дар бозорҳои истеъмолии шаҳр мебошанд, қарор гардид, ки фаъолияти тамоми нозирони минтақавӣ, духтурони санитарию байтории беш аз 5 сол дар як бозор фаъолияткунанда  таҷдиди назар карда шаванд.

Инчунин бо инобати таҳлили рақамҳои оморӣ оид ба таносуби нархи баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба муовини соҳавии худ Бурҳон Назаров, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе Сайфулло Амонов ва кулли директорони бозорҳои коммуналии  шаҳр то 1 сентябри соли 2014 муҳлат муқаррар сохт.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба масъалҳои марбут ба сохтмони иншооти ҷашнӣ, таъмир ва сохтмони роҳҳо дар қаламрави пойтахт низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.