Бозори фурӯши яклухти Кӯлоб ба коми оташ рафт

Шаби 21 ба 22-юми июл қисмати фурӯши яклухти бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, мутааллиқ ба соҳибкор Шомад Одинаев пурра ба коми оташ рафт. Фарзияи пешакии сар задани сӯхтор дар бозор расиши ноқили барқ дар яке аз фурӯшгоҳҳо унвон мешавад. Зикр мегардад, ки сӯхтор майдони ҳудуди 300 метри мураббаъро фаро гирифта, ба туфайли амалҳои пурсамар ва саривақтии […]



Шаби 21 ба 22-юми июл қисмати фурӯши яклухти бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, мутааллиқ ба соҳибкор Шомад Одинаев пурра ба коми оташ рафт.

Фарзияи пешакии сар задани сӯхтор дар бозор расиши ноқили барқ дар яке аз фурӯшгоҳҳо унвон мешавад. Зикр мегардад, ки сӯхтор майдони ҳудуди 300 метри мураббаъро фаро гирифта, ба туфайли амалҳои пурсамар ва саривақтии дастаҳои оташнишонии ҳозиршуда аз ноҳияҳои Кӯлобу Фархор ва Восеъ, гузаштани алангаҳои сӯхтор боз ба 4 майдони бозорҳои хусусӣ пешгирӣ шудааст. Ба қисмате аз бозори марказии «Саховат», ки бевосита ба ин бозор ҳамроҳ мешавад, низ зарар расидааст.

Комиссия ҷиҳати муайян кардани ҳаҷми зарар ба кор оғоз намуд. Ҳаҷми зиёни расида якчанд миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад. Айни замон ҷамъоварӣ ва аз қаламрави бозор берун бурдани партовҳо аз сӯхтор идома дорад, зеро хавфи пайдо шудани бемориҳои сироятӣ аз он мавҷуд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.