Президент вазири федералии Покистонро ба ҳузур пазируфт

Шоми рӯзи 21-уми июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммадро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуда, ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ […]



Шоми рӯзи 21-уми июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммадро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуда, ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Чунонки зикр гардид, ҳоло мувофиқасозии охирин бандҳои санадҳои ниҳоӣ миёни иштирокдорони татбиқи ин лоиҳа идома дорад. Тибқи нақша, ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Тавре иттилоъ доданд, Тоҷикистону Покистон комиссияи муштарак доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода, ҳоло талош доранд то рӯзҳои ташрифи навбатии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон ҷараён хоҳад дошт, санадҳои муҳим омода сохта, барои имзо пешниҳод намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ду кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва бартарафсозии монеаҳои минтақавии тиҷоратӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.