Ташрифи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҷиҳати иштирок дар кори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 30-31-уми июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни сафари Абдулазиз Комилов ба Душанбе дидору гуфтушуниди ӯ […]



Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҷиҳати иштирок дар кори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 30-31-уми июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни сафари Абдулазиз Комилов ба Душанбе дидору гуфтушуниди ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки замони раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай сафари мансабдори баландпояи кишвари ҳамсоя ба Душанбе дар муносибатҳои ҳарду ҷониб фоли нек дониста мешавад. Дар ҳамаи чорабиниҳои СҲШ, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шуданд, кишвари ҳамсояро мудом муовинони вазирону роҳбарони идораҳои Ӯзбекистон намояндагӣ мекарданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.