«Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе муттаҳид мешаванд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 2014, ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба як сохтор муттаҳид карда мешаванд. Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» вогузор карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, азнавташкилдиҳиву муттаҳид […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 2014, ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба як сохтор муттаҳид карда мешаванд. Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» вогузор карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, азнавташкилдиҳиву муттаҳид гардидани ин сохторҳо бо мақсади таъмини идоракунии пурсамари фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии ҶСК «Тоҷик Эйр» амалӣ мешавад.

«Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии вобаста ба азнавташкилдиҳию муттаҳидшавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд», – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.