Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз тамоили афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар воҳидҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ нигарон аст.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии мазкур, чанде қабл зимни вохӯрии муовини раиси Агентӣ Миллопар Бандишоев бо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати дар боло зикршуда зикр гардид, ки агар дар 12-моҳи соли гузашта аз ҷониби кормандони вазорат ҳамагӣ 38-адад ҷиноятҳои коррупсионӣ содир шуда бошанд, пас фақат дар шаш моҳи соли равон ин шумора аллакай ба 41-адад расида ва зиёда аз он, дар тули 19-рузи моҳи июли соли равон боз 10-адад ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷо муовини директори Агентӣ чанде аз ҷиноятҳои коррупсионии рузҳои охир ошкоршударо ба ҳозирин мисол овард: санаи 16 июли соли ҷорӣ духтури Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Хошаев Нормуҳамад барои ғайриқонунӣ озод намудани айбдоршаванда Кенҷаев Отабек, аз маҳбасхонаи тафтишотии ш.Хуҷанд аз падари 81-солаи охирон Кенҷаев Аҳмад бо роҳи қаллобӣ 13 000 доллари амрикоиро талаб намуда гирифтааст.
«Кор ба ҷое расидааст, ки худи кормандони вазорат оиди ҳаракатҳои коррупсионии роҳбарони бевоситаашон ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи шикоятӣ муроҷиат мекунанд, – иброз дошт ӯ. – Мслан 4-уми юли соли равон мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи сохтори госпитали ноҳияи Қубодиён Зиёдалиев Назаралӣ ба мақомоти раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон нисбати сардухтури худи ҳамин беморхона Худойбердиев Асадулло оиди бо роҳи таъмаҷӯи аз ӯ гирифтани 3000 сомонӣ ва боз иловатан талаб карда гирифтани 300-доллари амрикоӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст».
Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз, баъди оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Худойбердиев А. ҳангоми гирифтани пора дар ҷои ҳодиса дар ҳудуди беморхонаи таҳти роҳбарии ӯ қарордошта дастгир шуда, зимни азназаргузаронӣ далели шайъи аз охирон дарёфт карда гирифта шуд. Зимни пешбурди минбаъдаи парвандаи ҷиноятии мазкур, инчунин муқаррар карда шуд, ки сардухтури беморхонаи сохтори госпитали ноҳияи Қубодиён Худойбердиев Асадулло, ҳамчун шахси мансабдор, бо суиистифодаи мақоми хизматиаш аз кормандони масъули беморхонаи таҳти роҳбарии ӯ қарор дошта, барои пуштибонии умумӣ дар фаъолияти корӣ мунтазам дар тули 1,5 соли роҳбариаш ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо тариқи таъмаҷӯи маблағи зеринро ба сифати пора талаб намуда гирифтааст:
-аз мудири шуъбаи асаби беморхона Юсупов Эркин ҳар моҳ 500 сомонӣ,
-аз мудири шуъбаи ҷаррҳоҳӣ Мусурмонов Умар 1000 сомонӣ,
-аз мудири шуъбаи бемориҳои дил Ғанӣ Қурбонов ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ,
-аз мудири маркази хунгузаронӣ Панҷидин Юсупов ҳар моҳ 200 сомонӣ
-аз мудири шикастабанди беморхона Ойматов Холмурод ҳар моҳ-900 сомонӣ ва дар маҷмуъ 35 ҳазор сомонӣ маблағро ба сифати пора талаб намуда гирифтааст.
Бо назардошти чунин ҳолати кор ва вазнинии ҷиноятҳои содирнамудаи сардухтури беморхонаи сохтори госпитали ноҳияи Қубодиён Худойбердиев Асадулло, нисбати охирон чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабсгирӣ татбиқ гашта ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 319 қ. 4 бандҳои «а» ва «в»-и КҶ Чумҳурии Тоҷикистон кашида шудааст.



