Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хоруғ

Шаби 21-уми июли ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ дар километри 553-юм ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Беҳрӯз Баҳромови 32-сола, сокини ноҳияи Ванҷ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада,  автомашинаро ба даруни дарёи Панҷ чаппа кардааст . Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирони дохили он – Одил Мухторови 25-сола, […]



Шаби 21-уми июли ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ дар километри 553-юм ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Беҳрӯз Баҳромови 32-сола, сокини ноҳияи Ванҷ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада,  автомашинаро ба даруни дарёи Панҷ чаппа кардааст

.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирони дохили он – Одил Мухторови 25-сола, Васила Сардороваи 64-сола ва Лолда Соқиеваи 32-сола, ҳамаашон сокинони ноҳияи Ванҷ дар дарё ғарқ шудаанд. «Ҷасади шаҳрванд Соқиева Л. дарёфт карда шуда, барои дарёфти боқимондаҳо корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад», – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷ.Румӣ ба самти ноҳияи Вахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон деҳаи Сафедоб ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра Тагай Алиеви 55-сола, сокини ноҳияи Вахш, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, онро дар дохили (заҳбур) ҷуйи обгузар, ки чукуриаш 3-4-метр мебошад, чаппа мекунад.

«Дар натиҷа худи ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири  автомашинаи мазкур Карим Нуралиеви 51-сола дар беморхона бистарӣ мегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.