Ахири соли равон ва аввали соли 2015 баргузор шудани анҷуманҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар назар аст.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколати вакилони палатаи поёнии парлумон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ, ки 25-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасанд, таъин карда мешавад.
Интихоби вакилон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пас аз 25 рӯзи баргузор шудани интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад.
«Баъди эълони санаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон, маҷлисҳои вакилони халқи вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки дар муддати 45 рӯз анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор намуда, рӯйхатҳои ҳизбии номзадҳо барои иштирок дар интихоборо муайян намоянд», – қайд кард Додоев.
Ба гуфтаи ӯ, муддати 30 рӯзи боқимонда то санаи раъйдиҳии интихобкунандагон аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақили худпешбаришуда бо аҳолӣ вохӯриҳо доир намуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро таблиғ мекунанд.



