Қумсангир: Ба гардиши кишоварзӣ даровардани 1 ҳазору 156 гектар замин

Бо мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои боир (замини обии аз гардиши кишоварзӣ дурмонда) ба иқтисодиёти ноҳияи Қумсангир 42 миллион сомонӣ даромад шудааст. Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир дар ин робита мегӯяд, соли равон аз ҳисоби заминҳои боири ноҳия 1 ҳазору 156 га заминро ба гардиши кишоварзӣ даровардаанд. «Дар ин заминҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ таъсис […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Бо мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои боир (замини обии аз гардиши кишоварзӣ дурмонда) ба иқтисодиёти ноҳияи Қумсангир 42 миллион сомонӣ даромад шудааст.

Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир дар ин робита мегӯяд, соли равон аз ҳисоби заминҳои боири ноҳия 1 ҳазору 156 га заминро ба гардиши кишоварзӣ даровардаанд.

«Дар ин заминҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ таъсис дода шуд, ки онҳо ба кишти пиёзу сабзӣ ва тарбузу харбуза машғул шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Х.Раҳмонов, мувофиқи ҳисобу китоби идораи кишоварзӣ ва худи масъулони хоҷагиҳо, аз ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо ба иқтисодиёти ноҳия ҳудуди 42 миллион сомонӣ даромад  шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки имсол кишоварзони ноҳия ба ҳар як сомонии хароҷоткардаашон тақрибан аз 2,5 то 3,7 сомонӣ фоидаи соф гирифтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.