Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Зимни нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ аз фаъолияти Вазорат дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 09:00; – Соати 16:00 ҳамчунин дар Вазорати энергетика ва захирахои оби ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 16-00. Қ урби […]



Анонс



– Зимни нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ аз фаъолияти Вазорат дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Соати 16:00 ҳамчунин дар Вазорати энергетика ва захирахои оби ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 16-00.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9592

сомонӣ;


1

евро –

6.6473

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


26



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


2004

– Собиқ директори департаменти дуюми ХБА Ҷон Одлинг Сми бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад. Ба сифати мушовири иқтисодии президент ӯ ба таҳлили мушкилоти иқтисодиву молиявии ҷумҳурӣ машғул шуд.


2010

— Барои ширкати «Тоҷик Эйр» убури ҳарими ҳавоии Ӯзбекистон пулакӣ шуд.


2012

— Нахустин президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов барои хизматҳои шоиста дар рушди робитаҳои байнипарлумонӣ бо медали тиллои «Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – 20 сол» қадрдонӣ шуд.


1955

– Зодрӯзи доктори улуми сиёсӣ, раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +41+46, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +31+36.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона +3+8, рӯзона +19+24.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +40+42.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +41+43.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.