Дар Тоҷикистон аз гармии шадид интизорӣ меравад

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ду рӯзи наздик аз болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво рӯзона дар Тоҷикистон интизорӣ меравад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо метавонад ба зиёда аз 45 дараҷа гармӣ бирасад. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 22-24-уми июл ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-23 рӯзона 45-47, дар вилояти Суғд шабона 21-23 […]



Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ду рӯзи наздик аз болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво рӯзона дар Тоҷикистон интизорӣ меравад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо метавонад ба зиёда аз 45 дараҷа гармӣ бирасад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 22-24-уми июл ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-23 рӯзона 45-47, дар вилояти Суғд шабона 21-23 рӯзона 42-43 дараҷа гарм мешавад. «Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 19-21 рӯзона 40-42, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 19-21 рӯзона 35-37 ва дар Душанбе ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона ба 40-42 дараҷа мерасад», – гуфтанд дар муассисаи мазкур.

Зимнан зикр гардид, ки болоравии оби сатҳи дарёҳо, ки аз захираҳои мавсимии барф ва пиряхҳо (дарёҳои Вахш, Панҷ, Гунт, Бартанг, Ванҷ, Язғулом, Зарафшон ва ғайра) сарчашма мегиранд, дар назар аст. «Ҳамчунин фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ низ аз эҳтимол дур нест», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.