БМТ: Қурби доллар босуръат боло нахоҳад рафт

Аз оғози сол қурби асъори миллӣ – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 5% поин рафт. Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов дар ин робита изҳор намуд, ки қурби доллари ИМА дар бозор 5%, вале қурби муқаррашудаи доллари ИМА аз ҷониби БМТ 3,5% афзудааст. «Мо кӯшиш мекунем, ки коҳиши қурби сомониро […]



Аз оғози сол қурби асъори миллӣ – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 5% поин рафт.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов дар ин робита изҳор намуд, ки қурби доллари ИМА дар бозор 5%, вале қурби муқаррашудаи доллари ИМА аз ҷониби БМТ 3,5% афзудааст. «Мо кӯшиш мекунем, ки коҳиши қурби сомониро боздорем, вале ин натанҳо аз мо, балки аз бозор ва воридоти асъор ба кишвар низ вобаста аст», – иброз дошт вай.

Ғайр аз ин, Ширинов зикр кард, ки мизони таваррум то ахири сол дар сатҳи 7,5% нигоҳ дошта мешавад ва ба ин айни замон поинравии нархҳо ба гандум , ки аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мегарданд, мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта мизони таваррум ба 1,6% баробар буд. «Болоравии нархи гандум ба андозаи 5,1% ва нафт ба микдори 1,1% дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мизони таваррум таваррум таъсир расониданд. Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки солҳои наздик нархи гандум поин меравад, ки албатта ба мизони таваррум бетаъсир нахоҳад буд», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.