Бо бима фаро гирифтани беш аз 7 ҳазору 600 нафар муҳоҷири корӣ дар ним сол

Ширкати бима (суғурта)-и «Тоҷиксуғурта» дар ҳамдастӣ бо «Ширктаи умумирусиягии суғурта» дар зарфи 6 моҳи соли равон 763 ҳазору 636 муҳоҷирони кории тоҷикро бо бима фаро гирифт. Бино ба маълумоти «Тоҷиксуғурта», дар ин давра маблағи ҳақмузди бима аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 772 ҳазор сомониро ташкил додааст. Қаблан аз ширкати мазкур хабар дода буданд, ки мутобиқи созишнома […]



Ширкати бима (суғурта)-и «Тоҷиксуғурта» дар ҳамдастӣ бо «Ширктаи умумирусиягии суғурта» дар зарфи 6 моҳи соли равон 763 ҳазору 636 муҳоҷирони кории тоҷикро бо бима фаро гирифт.

Бино ба маълумоти «Тоҷиксуғурта», дар ин давра маблағи ҳақмузди бима аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 772 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Қаблан аз ширкати мазкур хабар дода буданд, ки мутобиқи созишнома дар бораи бо суғурта фаро гирифтани муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия, муҳлати суғурта аз се моҳ то як солро ташкил медиҳад.

«Арзиши полиси суғурта вобаста ба муҳлати он аз 75 то 180 сомониро ташкил дода, бо хоҳиши мизоҷон ҷуброни суғурта дар ҳаҷми аз 100 ҳазор то 500 ҳазор рубл муқаррар мешавад. Ба ин маблағ хароҷоти тиббӣ ва ҳамчунин хароҷоти ба ватан баргардонидани муҳоҷир дохил мешавад», – гуфта буданд аввали сол дар ин ширкат.

Ба иттилои манбаъ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ КВД «Тоҷиксуғурта» ба 7 ҳазору 627 нафари осебдида дар натиҷаи ҳолатҳои тибқи бима пешбинишуда (вазъи солимӣ, амвол ва ғайра) дар ҳаҷми 6 млн. 674 ҳазор сомонӣ маблағи суғурта пардохтааст.

«Дар ин давра Тоҷиксуғурта» аз рӯи ҳамаи навъҳои андоз ба буҷети давлатӣ 14 млн. 419 ҳазор сомонӣ маблағ ворид кард, ки 1 млн. 797 ҳазор сомонӣ аз ин миқдор маблағҳоро суғуртаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад», – гуфтанд дар корхона.

Зимнан зикр гардид, ки ҳиссаи пардохти ҳақмузди  бимаи «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи Тоҷикистон ба 57,4% ва пардохтҳои суғуртавӣ ба 95% баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.