Шарҳи ВКД оид ба сӯхтор дар маркази савдои «Шаҳбоз» дар Кӯлоб

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи сӯхтор дар маркази савдои «Шаҳбоз»-и шаҳри Кӯлоб гузориши расмӣ интишор намуд. Дар гузориш зикр мегардад, ки рӯзи 22.07.с.2014, тахминан соати 00:15-дақиқа, дар Маркази савдои «Шаҳбоз»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омада, соати 00:39-дақиқа ба маркази нуқтаи алоқаи Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб хабар расид. Барои хомӯш намудани […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи сӯхтор дар маркази савдои «Шаҳбоз»-и шаҳри Кӯлоб гузориши расмӣ интишор намуд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки рӯзи 22.07.с.2014, тахминан соати 00:15-дақиқа, дар Маркази савдои «Шаҳбоз»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омада, соати 00:39-дақиқа ба маркази нуқтаи алоқаи Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб хабар расид. Барои хомӯш намудани сӯхтор 18-адад автомашинаи оташнишонӣ, 2-адад мотопомпаҳои қисмҳои оташнишонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва 4-адад мошинҳои обкаши шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шудаанд.

Масоҳати умумии сӯхтор 965 метри мураббаъ, зиёда аз 90 нуқтаи савдоро ташкил медиҳад. Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар мағозаи маркази савдои «Шаҳбоз» мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад. Молу авмоли наҷотдодашуда ба маблағи зиёда аз 82000000 сомониро ташкил медиҳад.

Аз тарафи кормандони гурӯҳи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори шаҳри Кӯлоб оиди ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори маркази савдои «Шаҳбоз» як қатор чорабиниҳо андешида шудааст. Чунончи: амрнома иборат аз 19 банди чорабиниҳо аз 18.01.с.2014 ба директори маркази савдо Ризоев Рашид Разоқович соли таваллудаш 1975, барои иҷроиш пешниҳод карда шудааст. Барои вайрон ва иҷро накардани чорабиниҳои бехатарии зидди сӯхтор нисбати директори маркази савдо Ризоев Р.Р. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 20.01.с.2014 тартиб дода ба маблағи 600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, инчунин нисбати 10-нафар  соҳибкорони маркази савдои «Шаҳбоз» протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 1200 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, 1 дӯкони савдо ва 4 нуқтаи барқие, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд аз манбаи барқ ҷудо карда шудааст.

Дар баробари ин ба унвони раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Кӯлоб Ҳакназарова З., ки аз моҳи июни соли ҷорӣ ба вазифа таъин шудааст, амрнома бо 25 банд аз 02.06.с.2014 барои иҷроиш  пешниҳод  карда шуда, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 43 протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5240 сомонӣ ҷаримабандӣ  карда шудааст. Инчунин  қарор дар бораи боздоштани сохтмони мағозаҳо дар бозори «Саховат» аз 03.07.соли 2014 қабул карда шуда, амалӣ гардонида шудааст.

Барои таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ҳайати шахсии ҚМ РВКД дар Вилояти Хатлон 86-нафар, ШВКД дар шаҳри Кӯлоб 110-нафар, ДТММ (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб) 60-нафар, қисми ҳарбии 5403 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи фаврии КДАМ вилояти Хатлон 40-нафар, ҳамагӣ – 426 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд.

Ба ҷои ҳодисаи сӯхтор сардори СХДО ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Шарипов М., сардори ҚМ РВКД минтақаи Кӯлоб полковники милитсия Искандаров А. ва Раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонов А. сари вақт омада, чорабиниҳоро роҳбарӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.