Барои сохтмони пули байни шаҳраки Ёвон 30 млн. сомонӣ маблағ зарур аст

Барои сохтмони пули байни шаҳраки Ёвон 30 миллион сомонӣ маблағ зарур аст. Амирбек Маҳмадалиев, раиси ноҳияи  Ёвон зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки баъди шуста шудани пули байни ноҳия, онҳо ба Вазорати нақлиёт ва ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд.  «Баъди ҳисобу китоб сметаи хароҷотии ин сохтмон ба 30 миллион сомонӣ расид. Ин гуна […]

Сайраҳмон Назриев



Барои сохтмони пули байни шаҳраки Ёвон 30 миллион сомонӣ маблағ зарур аст.

Амирбек Маҳмадалиев, раиси ноҳияи  Ёвон зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки баъди шуста шудани пули байни ноҳия, онҳо ба Вазорати нақлиёт ва ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. 

«Баъди ҳисобу китоб сметаи хароҷотии ин сохтмон ба 30 миллион сомонӣ расид. Ин гуна маблағ дар буҷаи маҳаллӣ мавҷуд нест.  Ҳукумат ва Вазорати нақлиёт ваъда кардаанд, ки дар ду соли оянда ба сохтмон маблағгузорӣ мекунанд.  Аммо мо наметавонем интизор шавем. Мо бо соҳибкорони ноҳия гуфтугузор дорем шояд ба ягон натиҷае мерасем», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, мушкил дар он аст, ки сохтор ва таҷҳизоти сохтмонии ин пул дар вақташ аз Русия оварда шудаасту дар Тоҷикистон чунин масолеҳро пайдо намудан ғайриимкон аст.

«Мо то омадани сели охир таъмири пулро оғоз карда будем, ки бо кумаки соҳибкорону хайрхоҳони ноҳия наздики 700 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Мутаассифона, корҳо пурра ба анҷом нарасида, боз сел омаду ҳамаи корҳои ба анҷомрасидаро низ шуста бурд», – қайд кард раиси ноҳия.

Бояд гуфт, ки ду сол қабл бар асари боронҳои сел пули байни шаҳраки Ёвон шуста ва тахриб гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.