Раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Date:



Имрӯз бо қарори суди ноҳияи Ванҷ, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ВМКБ Саодатшо Адолатов мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Адолатов 8 соли зиндонро талаб карда буд.

Намояндаи ҲНИТ дар Ванҷ Завқибек Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз назди бинои суд беш аз 120 нафар ҷамъ омада, дархост намуданд, ки нисбати Адолатов қарори мунсифона содир карда шавад. «Мо вайрон кардани меъёрҳои қонунгузориро намехостем, танҳо адолатро дархост намудем», – гуфт Раҳмонов.

Номбурда зикр кард, ки пас аз содир шудани қарори суд, ҳамаи ҷамъомадагон ба хотири дастгирии раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ ба хонахои худ пароканда шуданд.

Раиси бахши ҲНИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саодатшо Адолатов рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ ба гумони барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ миёни ҳамдеҳагонаш

боздошт шуда буд.

Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита зикр гардида буд, ки номбурда чандин маротиба ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба миён овардааст ва нисбат ба амалҳои ғайриқонунии С.Адолатов зиёда аз 30 нафар сокинони минтақаҳои мазкур бо шикоят ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2013 Саодатшо Адолатов раҳбарии бахши ҲНИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда гирифт. То ин дам ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзаалӣ Мамадризоев фаъолият мекард, ки ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ рӯзи 25-уми июли соли 2012 кушта шуд.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. ассалом

    Ба фикрам, ки рохбар як шахсеро дар дилхох чой одатан мемонанд, ки боаклу босаводу ухдабаро асту дигаронро пешвои намуда рохнамои мекунад ва барои рафтору кирдори хужаш чавобгу аст. Чи хел Саодатшо Адолатов- бо чунин максадхои гаразнок, дар ячейкаи ин хизб сардор шудааст? Уро ки интихоб намудааст? Ба пайравонаш чиро омухта бошад? Агар ба чунин суолхо ахамият дихию каме фикр рони дахшат зерат мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...