Раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз бо қарори суди ноҳияи Ванҷ, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ВМКБ Саодатшо Адолатов мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Адолатов 8 соли зиндонро талаб карда буд. Намояндаи ҲНИТ дар Ванҷ Завқибек Раҳмонов ба «Азия-Плюс» […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Имрӯз бо қарори суди ноҳияи Ванҷ, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ВМКБ Саодатшо Адолатов мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Адолатов 8 соли зиндонро талаб карда буд.

Намояндаи ҲНИТ дар Ванҷ Завқибек Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз назди бинои суд беш аз 120 нафар ҷамъ омада, дархост намуданд, ки нисбати Адолатов қарори мунсифона содир карда шавад. «Мо вайрон кардани меъёрҳои қонунгузориро намехостем, танҳо адолатро дархост намудем», – гуфт Раҳмонов.

Номбурда зикр кард, ки пас аз содир шудани қарори суд, ҳамаи ҷамъомадагон ба хотири дастгирии раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ ба хонахои худ пароканда шуданд.

Раиси бахши ҲНИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саодатшо Адолатов рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ ба гумони барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ миёни ҳамдеҳагонаш

боздошт шуда буд.

Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита зикр гардида буд, ки номбурда чандин маротиба ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба миён овардааст ва нисбат ба амалҳои ғайриқонунии С.Адолатов зиёда аз 30 нафар сокинони минтақаҳои мазкур бо шикоят ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2013 Саодатшо Адолатов раҳбарии бахши ҲНИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда гирифт. То ин дам ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзаалӣ Мамадризоев фаъолият мекард, ки ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ рӯзи 25-уми июли соли 2012 кушта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.