Тоҷикистон Ӯзбекистонро ба фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ даъват кард

Шоми рӯзи 30-юми июли соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 30-юми июли соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтои ӯзбекистонии худро ба зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, фарҳанг, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва дигар самтҳое, ки ҷавобгӯйи талаботи замон ва принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ мебошанд, ҷалб намуд. Аз назари ҷониби Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкории комил дар самтҳои зикргардида ба болоравии сатҳи робитаҳо ва ҳалли масоили дар муносибатҳои ду кишвар ҷойдошта мусоадат хоҳад кард.

Дар вохӯрӣ инчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони мазкур табодули назари судманд сурат гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирӣ дар давраи раёсаташ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори сипос намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.