Оғози кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе

Имрӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз мекунад. Барои иштиок дар кори ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, Чин – Ван И, Ӯзбекистн – Абдулазиз Комилов ва Қирғизистон – Эрлан Абдилбоев ба Душанбе ташриф оварданд. Қазоқистонро дар ҷаласаи мазкур муовини […]



Имрӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз мекунад. Барои иштиок дар кори ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, Чин – Ван И, Ӯзбекистн – Абдулазиз Комилов ва Қирғизистон – Эрлан Абдилбоев ба Душанбе ташриф оварданд. Қазоқистонро дар ҷаласаи мазкур муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Аскар Мӯнисов намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, то оғози кори ҷаласа субҳи имрӯз вазирони корҳои хориҷии «шашгонаи Шанхай»-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Зикр мегардад, ки дар ҷаласа лоиҳа дар таҳрири нави меморандуми намунавӣ оид ба уҳдадориҳои кишвари муроҷиаткунанда бо мақсади соҳиб шудан ба мақоми давлати аъзои Созмон ва тартиби пешниҳоди мақоми давлати ахзои СҲШ баррасӣ шуда, пас аз маъқул шуморидани он аз ҷониби вазирон, лоиҳаи ин санадҳо ба тасдиқи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳод мешаванд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи имрӯза рӯзномаи нишасти навбатии СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ ва мувофиқа мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи сентябри ҳамин сол – ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро ба уҳда дорад.

СҲШ созмони байнулмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.