Афзалшо Шодиев раҳбари Филармония давлатии Тоҷикистон таъин шуд

Бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Афзалшо Султонович ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев» таъин карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар дода мешавад. Дар ин мансаб ӯ Сайбухорӣ Маҷидовро иваз кард. Афзалшо Шодиев соли 1962 дар ноҳияи Панҷакент ба […]

ASIA-Plus



Бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Афзалшо Султонович ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев» таъин карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар дода мешавад. Дар ин мансаб ӯ Сайбухорӣ Маҷидовро иваз кард.

Афзалшо Шодиев соли 1962 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1979 мактаби миёнаро хатм ва ҳамон сол ба Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода қабул мешавад. Соли 1983 пас аз хатми донишкада дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ менамояд.

Афзалшо Шодиев дорандаи Ҷоизаи ба номи комсомоли ленинӣ (соли 1989), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1993) ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (соли 2008) аст.

Ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи «Семирамида-2000» дар Ироқ ва Ҷоизаҳои гуногун дар ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Эрон ва Яман низ мебошад.

Мохи феврали соли 2013 барои саҳми босазо дар рушди зеҳнии ҷомеаи муосир ва дастовардҳои назарраси касбӣ Афзалшо Шодиев ба

мукофоти байнулмилалии

«INTELLECT OF NATION» (Хиради миллат) шарафёб гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио