Мушкилоти техникии дастрасӣ ба YouТube ва Одноклассники

Намояндагони Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти хабарии имрӯза  изҳор намуданд, ки қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассники ба мушкилоти техникӣ вобаста аст. Сардори раёсати иттилоот ва баҳисобгирии ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон мутахассисон сабаби ба вуҷуд омадани ин мушкилот мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Ба […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Намояндагони Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти хабарии имрӯза  изҳор намуданд, ки қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассники ба мушкилоти техникӣ вобаста аст.

Сардори раёсати иттилоот ва баҳисобгирии ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон мутахассисон сабаби ба вуҷуд омадани ин мушкилот мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ба қавли Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба онҳо аз

Mail.Ru Group

, ки молики шабакаи иҷтимоии Одноклаасники мебошад, номаи расмӣ расида, Бег Зуҳуров шахсан тариқ телефон бо онҳо гуфтушунид мекунад.

Алибек Бекназаров маълумоти ВАО бо такя ба сарчашмаҳои гуногун дар бораи аз ҷониби Хадамоти алоқа ирсол гардидани дастури шифоҳӣ ё хаттӣ оид ба қатъ кардани дастрасӣ ба ин шабаакаҳоро рад кард. «Кӣ ба Шумо гуфт, ки Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ супориш дод? Чаро аз шахсоне, ки ин суханонро гуфтаанд, нишон додани номаро талаб накардед? Худашон мушкилот доранд, вале айбро ба гардани мо бор мекунанд», – гуфт Бекназаров, ки шояд ширкатҳои фароҳамсози интернетро дар назар дошт.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми июл тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассникиро дар Тоҷикистон

қатъ намуданд

, аммо то ҳанӯз на ин ширкатҳову на Хадамоти алоқа масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд.

Қаблан раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Асоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки сабаби қатъи дастрасӣ шояд видеороликҳое бошанд, ки як зан додарарӯси сарвари давлатро ба таҷовуз ба номуси духтараш гунаҳкор мекунад. Ҳамчунин ба андешаи ӯ, дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» идеологияи гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-и ҷанганда дар Сурия фаъолона тарғиб мешавад, ки шояд ин ҳам сабаби баста шудани ин шабакаҳо бошад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҶТ, айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба 8 млн. нафар баробар аст,  3,8 млн. нафарро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.