Анҷоми корҳои таъмир дар гидроагрегатҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»

Агрегати №1-и нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» пурра аз таъмир бароварда шуда, дар 3 агрегати боқимонда корҳои таъмири ҷорӣ ба анҷом расонида шуданд. Тавре аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» хабар доданд, тибқи нақша, корҳои таъмир моҳи марти соли равон оғоз гардида, ин корҳо дар нерӯгоҳ ду маротиба дар як сол – фасли баҳор қабл аз болоравии сатҳи об дар […]



Агрегати №1-и нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» пурра аз таъмир бароварда шуда, дар 3 агрегати боқимонда корҳои таъмири ҷорӣ ба анҷом расонида шуданд.

Тавре аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» хабар доданд, тибқи нақша, корҳои таъмир моҳи марти соли равон оғоз гардида, ин корҳо дар нерӯгоҳ ду маротиба дар як сол – фасли баҳор қабл аз болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва тирамоҳ пеш аз фарорасии мавсими сармо гузаронида мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми тадбирҳои таъмиру азнавсозӣ ба таъмини бехатариву эътимолнокӣ ва фаъолияти мунтазами нерӯгоҳ равона гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз (31-уми июл) аз замони мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бо чор агрегат 6 сол пур шуда, то ин вақт дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 11 млрд. 566 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд.


ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1»

 корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.