Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, барои тарғиби назми тоҷик дар хориҷа ва тарҷумаи асарҳои шоирони тоҷик ба забони русӣ дар маҷмӯаи «Огненные знаки» («Рамзҳои озарин»), шоири рус Михаил Синелников ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт сазовор дониста шуд.
Тавре аз ҳукумати ҶТ хабар доданд, ба ин ҷоиза ҳамчунин Атахон Сайфуллоев, доктори илмҳои филологӣ барои рисолаи «Уфуқҳои тозаи наср» ва Мирзо Файзалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон барои маҷмӯаи ашъори «Гулхори чида-чида» низ шарафёб гардиданд.
Гуфта мешавад, Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи меъморӣ ба Рустам Муқимов, доктори илмҳои меъморӣ , барои «Энциклопедия памятников арийской культуры Центральной Азии. Таджикистан.»(Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон.) тақдим мегардад.



