Бедаракшавии корманди филиали «Ориёнбонк» дар Хоруғ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷустуҷӯи корманди аз рӯзи 29-уми июл бедаракшудаи филиали «Ориёнбонк» дар шаҳри Хоруғ Меҳралӣ Назаралиев идома медиҳанд. Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Назаралиев каме дуртар аз деҳаи Ёмҷи ноҳия бо сабабҳои алҳол номаълум бедарак шуда, дар ин бора […]

Пайрав Чоршанбиев



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷустуҷӯи корманди аз рӯзи 29-уми июл бедаракшудаи филиали «Ориёнбонк» дар шаҳри Хоруғ Меҳралӣ Назаралиев идома медиҳанд.

Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Назаралиев каме дуртар аз деҳаи Ёмҷи ноҳия бо сабабҳои алҳол номаълум бедарак шуда, дар ин бора автомашинаи партофтаи ӯ дар соҳили дарёи Панҷи назди ин деҳа гувоҳӣ медиҳад. «Айни замон ҳам хешону наздикон ва ҳам кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба ҷустуҷӯи ӯ машғуланд», – гуфтанд дар шуъбаи ноҳиявии ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, дар автомашинаи партофтаи Назаралиев 800 сомонӣ, 700 доллари ИМА ва телефони ҳамроҳ (мобилӣ) дарёфт шуда, ҳамчунин наздикони ӯ ҷиҳати муайян намудани робитаҳои ахираш, ба кормандони мақомот ноутбуки шахсии ӯро низ додаанд.

«Тибқи гуфтаҳои хешону ҳамкорон ва шиносҳои Назаралиев, қаблан ӯ аз хоҳараш, ки дар Маскав кор мекунад, барои нигаҳдорӣ дар бонк 52,7 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифта, вале аз ин миқдор дар бонки фаъолиятдоштааш ҳамагӣ 16 ҳазор долларашро амонат гузоштааст. Маблағи боқимондаро бо фоиз ба шиносҳояш додааст. Чанде қабл хоҳараш бинобар сабаби зарурати таъҷилӣ баргардонидани маблағро дархост намудааст. Хешовандони Назарлиев бар ин назаранд, ки бедаракшавии ӯ маҳз ба ҷараёни ҷамъоварии ҳамин маблағҳо марбут аст», – иброз дошт ҳамсуҳбат.

Дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шуғнон таъкид намуданд, ки ному насаби шахсонеро, ки Назаралиев ба онҳо маблағи пулӣ қарз додааст, хешону наздикон ва ҳамкорони ӯ намедонанд. «Назаралиев бедаракшуда эълон гардида, ҷустуҷӯи ӯ идома меёбад», – қайд карданд дар шуъба.

Зимнан зикр гардид, ки воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар бораи бедаракшавии М.Назаралиев огаҳ карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.