Вакили парлумон президентро ба эълони афв даъват мекунад

Вакили палатаи поёнии парлумон, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков аз президент даъват мекунад, ки ба муносибати 20-умин солгарди қабули Сарқонун (Конститутсия)-и ҶТ дар кишвар афви навбатӣ эълон кунад. Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки эълони афви навбатӣ аз ҷониби сарвари давлат дар навбати аввал ба якҷошавии маҳбусон бо оилаҳои […]

Аваз Юлдошев



Вакили палатаи поёнии парлумон, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков аз президент даъват мекунад, ки ба муносибати 20-умин солгарди қабули Сарқонун (Конститутсия)-и ҶТ дар кишвар афви навбатӣ эълон кунад.

Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки эълони афви навбатӣ аз ҷониби сарвари давлат дар навбати аввал ба якҷошавии маҳбусон бо оилаҳои худ ва таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, афзоиши имконоти кории кишвар мусоидат менамояд.

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки афви маҳбусон ҳамчунин ба таҳкими давлатдорӣ низ мусоидат мекунад, зеро озодшудагон аз зиндон пеш аз ҳама аз президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ миннатпазир мешаванд», – гуфт вай.

Ба андешаи ӯ, дар навбати аввал бояд нисбати пиронсолон, модарон, саробонҳои оилаҳои серфарзанд, афроди дар таҳкими давлатдории тоҷикон саҳмдошта, беморон ва ҷавонони бори нахуст ҷиноят содирнамуда афв эълон карда шавад.

«Мо, вакилони Ҳизби коммунист ва ба фикрам, ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон дар сурати аз ҷониби президент пешниҳод шудани лоиҳаи қонун «Дар бораи афв», онро дастгирӣ мекунем. Ҳамчунин набояд фаромӯш сохт, ки 20-умин солгарди қабули қонуни асосии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳим дар таърихи давлатдории кишвар аст», – мегӯяд намояндаи ҲКТ.

Афви охирин дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 19 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд. Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.